Арус дузди дар Зафаробод | Ахбори ВКД - Сипар (2018)


Дата: 06.04.2019 10:33:07 Просмотров: 128553 Длительность: 03:36
Поделиться:

Категории: Новостное
Арус дузди дар Зафаробод | Ахбори ВКД - Сипар (2018)

Ба Шабакаи мо пайваст шавед:

Вконтакте:
Однокласники:

Сокини 28-солаи Душанбе Абдураҳмон Раҳимӣ баъди онки хостгориашро волидони як хешдухтари 20-солааш аз ноҳияи Зафаробод рад карданд, рӯзи 17 май ҳамроҳи додар ва як дӯсташ ин духтарро дуздиданд. Кормандони милиса Раҳимӣ ва шариконашро баъди 5 соат дар дараи Варзоб замоне дастгир карданд, ки онҳо духтари дуздидаашонро дар мошин ба Душанбе мебурданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз пешгирӣ шудани як ҳодисаи духтардуздӣ дар ноҳияи Зафаробод ва боздошти се нафар бо иттиҳоми одамдуздӣ хабар дод.

Абдураҳмон Раҳимӣ, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бародари ӯ Адҳам Раҳимов, соли таваллудаш 1994, ва Пиров Муродалӣ Ё? соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Зафаробод тибқи маслиҳати пешакӣ як духтари 20-солаи сокини ҷамоати Равшани ин ноҳияро дуздида, мехостанд ба пойтахт баранд, вале дар роҳ ба Душанбе дар дараи Варзоб аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуданд ва духтарро сиҳату саломат ба волидонаш баргардонданд.

Дар гузорише, ки шоми 30 май дар барномаи "Сипар – Ахбори ВКД” дар телевизиони Тоҷикистон нашр шуд, Акбар Шарипов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд тафсилоти ин ҳодисаро чунин қисса кард: "Ҷинояти мазкур бо роҳнамоии Абдураҳмон Раҳимӣ, ки бо духтар муносибати наздики хешутаборӣ дорад, содир шудааст. Абдураҳмон Раҳимӣ баъди хостгориашро рад кардани духтар ва оилаи ӯ ро ба ҷиноят таҳрик додааст, то ин ки ба мақсади худ би? ”

Абдураҳмон Раҳимӣ, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, сабаби даст ба дуздидани духтар заданашро дар ин гузориш чунин шарҳ медиҳад: "Вақте ки ман фаҳмидам, ки он духтар ба дигар кас номзад шудааст, мақсад гузоштам, ки номзадиашро вайрон кунаму ба худам зан кунам, бигирам.”

Рӯзи 17 май ин се нафар бо мошини "Мерседес-Бенс”-и Абдураҳмон Раҳимӣ аз Душанбе ба Зафаробод омаданд. Онҳо соати таъминан 17 аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Равшани шаҳраки Гулистон духтарро маҷбуран ва дар пеши чашми мардум ба мошини худ бор карда, ба самти шаҳри Душанбе раҳсипор шуданд.

Муродалӣ Пиров чигуна ба мошин бор кардани духтарро чунин нақл кард: "Мошинро манъ кардем. Ман дар курсии пеш нишаста будам. Аз мошин фаромада, дари қафоро кушодам ва Абдураҳмон арӯсро оварду бор кардем.”

Адҳам Раҳимов, ки низ дар даст завлона дар ҷои духтаррабоияшон баёнот медод, гуфт: "Акаам гуфт, ки ҳамин сӯ ҳай кун. Ягон лаҳза истодем ё наистодем. Духтар омада истода буд дар роҳ. Акаам фаромаду духтарро кашола карда оварду бор кард дар мошин. Баъд гуфт, ҳай кун мошинро. Аввал гуфт, тарафи хонаи духтар меравем, баъд гуфт, ки рост шаҳр ҳайр кун. Душанбе.”

Аммо духтардуздон то Душанбе норасида, дар Варзоб ба даст афтоданд. Ҳоло ба зидди бародарон Абдураҳмон Раҳимӣ ва Адҳам Раҳимов ва дӯсти онҳо Муродалӣ Пиров бар асоси моддаи 130-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамдуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба арӯсрабоёни ноком бар асоси ин банди қонун акнун аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон арӯсрабоӣ мисли минтақаи Қафқоз ё ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қирғизистону Қазоқистон зиёд маъмул нест, ҳарчанд гоҳ-гоҳ ба чашм мехӯрад. Дар Қирғизистон, ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, ҳар сол то 12 ҳазор духтар рабуда мешаванд.

Теги: Сипар-Ахбори ВКД 2018, таджикистан 2018, Сипар вазорати корхои дохили, сегодня, хабархои нави точикистон 2018, хабархои имруз, хабархои нав, ахбор 2018, хабар 2018, хабархои точикистон 2018, ахбори ВКД, душанбе 2018, cипар 2018, худжанд 2018, ахбори точикистон 2018, хабархои нави точикистон 2018, таджикистан 2018, душанбе 2018, навгони, нав, хабар, ахбор, ходисахо, точик, курс ? сегодня,

Похожие видео:

Написать комментарий




Комментарии

Никто ещё не оставил комментариев, станьте первым.